Ба гузориши ИКНА ба нақл аз торнамои ҷомеа ва фарҳанги миллатҳо, дар як иқдоми камназир, Иттиҳодияи будоиёни Тайланд таҳти ҳимояти шоҳӣ (BATR), Муассисаи васата барои сулҳ ва рушд (WIPD) вобаста ба идораи Шайхул-Ислом, Калисои Масеҳиён дар Тайланд (CCT) ва Конфронси усқуфҳои католикии Тайланд (CBCT) бо нашри баёнияҳо шадидан мухолифати худро бо тарҳе ба номи «муҷтамаи фароғатӣ» эълом кардаанд.
Ҳар яке аз ин гурӯҳҳо изҳори нигарониҳои амиқе дар бораи паёмадҳои ахлоқӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоии қонунӣ шудани қимор дар Тайланд кардаанд.
Ҳушдори усқуфҳои католик дар бораи ҷиноят ва фурӯпошии иҷтимоӣ
Конфронси усқуфҳои католикии Тайланд дар баёнияе, ки рӯзи 3 апрел мунташир шуд, мухолифати шадиди худро бо ин тарҳ изҳор кард. Онҳо ҳушдор доданд, ки вобастагӣ ба қимор боиси қарздорӣ ва дар пай он афзоиши ҷиноятҳое чун пулшӯӣ ва қочоқи инсон хоҳад шуд. Ин созмон аз давлат хост, ки арзишҳои ахлоқӣ ва фараҳми иҷтимоиро бар фоидаи иқтисодӣ тарҷеҳ диҳад.
Калисои Масеҳ дар Тайланд, бузургтарин шохаи протестантии кишвар, дар таърихи 4 апрел баёнияе мунташир кард, ки дар он ба манъияти қимор аз назари Китоби Муқаддас ишора шуда буд.
Иттиҳодияи будоиёни Тайланд рӯзи 6 апрел бо нашри баёнияе эълом кард, ки ин тарҳ бо таълимоти Буддо дар муғойират қарор дорад.
Маҳкумияти шадиди қимор аз сӯи муассисаи исломӣ
Дар ҳамон рӯз, Муассисаи васата барои сулҳ ва рушд, вобаста ба идораи Шайхул-Ислом, қиморро як гуноҳи бузург дар Ислом дониста ва онро ба шиддат маҳкум кард.
342/
Your Comment